LIVE

"Барселона" барои фурӯши тер Штеген розигӣ додааст

"Барселона" метавонад дарвозабон Марк-Андре тер Штегенро дар равзанаи трансферии тобистона фурӯшад. Тибқи иттилои манбаъ, клуби каталонӣ бинобар вазъи душвори иқтисодии даста, фурӯхтани дарвозабонро ба “Бавария”- Мюнхен баррасӣ мекунад. Мюнхениҳо қаблан барои ҷалби ин дарвозабон талош карда буд, аммо он замон каталониҳо мушкилоти молявӣ надоштанд.  “Бавария”дар равзанаи трансферии тобистона метавонад бори дуюм кӯшиш кунад, ки созишномаро ба анҷом расонад. Тер Штеген аз соли 2014 дар дастаи "Барселона"  бозӣ мекунад. Қаблан, ӯ шарафи “Боруссия”-и Мёнхенгладбахро дифоъ мекард. Дар мавсими солҳои 2019/2020 Тер Штеген дар ҳайати "Барселона" дар ҳамаи мусобиқаҳо 46 бозӣ гузаронидааст, ки дар он 50 гол сардодааст. Созишномаи футболбози олмонӣ бо клуб то соли 2025 эътибор дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив