LIVE

Тер Штеген аз “Барселона” ба “Жирона” ба иҷора рафт

Бошгоҳи испании "Жирона" дар сомонаи расмии худ эълон кард, ки дарвозабон Марк-Андре тер Штегенро аз “Барселона” тариқи иҷора то охири мавсими ҷорӣ ба даст овард.
Дарвозабони 33-сола ин мавсим дар як бозии Ҷоми Испания ширкат кардааст. Шартномаи кунунии ӯ бо "блаугранас" то тобистони соли 2028 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории ӯ 7 миллион евро мебошад.
Тер Штеген аз соли 2014 инҷониб дар сафи "Барселона" бозӣ мекунад. Дар ин бошгоҳ дарвозабони олмонӣ ғолиби Лигаи Чемпионҳо ва шаш маротиба қаҳрамони Ла Лига шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив