Пеш аз бозии финалии Лигаи чемпионҳои УЕФА роҳбари бошгоҳи “Арсенал”-и шаҳри Лондон Ҷош Кройнке изҳор намуд, ки тамдиди шартномаи сармураббӣ Микел Артета вазифаи аввалиндараҷаи клуб ба ҳисоб меравад.
“Нигоҳ доштани Микел дар даста барои мо муҳимтарин масъала аст. Фикр мекунам барои мухлисони “Арсенал” дар саросари ҷаҳон хабари хуб ин аст, ки ӯ аз ин тарҳ лаззат мебарад, дар ин ҷо худро хуб ҳис мекунад ва аз замони бозигар буданаш то имрӯз як “арсеналӣ”-и воқеӣ мебошад”, — гуфт Кройнке дар суҳбат бо нашрияи ESPN.
Қобили зикр аст, ки Микел Артета дар чанд соли охир тавонист “Арсенал”-ро дубора ба сафи пурқувваттарин дастаҳои Аврупо баргардонад. Зери роҳбарии мутахассиси испанӣ “тӯпчиён” ба финали Лигаи чемпионҳо роҳ ёфтанд ва инчунин қаҳрамони Англия шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар финали Лигаи чемпионҳои мавсими 2025/2026 дастаҳои “Арсенал” ва “Пари Сен-Жермен” бо ҳам рақобат мекунанд. Вохӯрии ниҳоӣ рӯзи шанбе, 30 май дар варзишгоҳи “Пушкаш Арена”-и шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад.
