Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) тасдиқ кард, ки тими миллии Эрон пойгоҳи тамринии худро барои Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Мексика интиқол додааст.
Мунтахаби Эрон дар аввал бояд дар Тусони Аризона ҷойгир мешуд, аммо шаҳри марзии Тихуанаро ҳамчун пойгоҳи нави худ интихоб кардааст. Кӯчонидани лагер аз мушкилоти раводид пешгирӣ мекунад ва даста метавонад мустақиман тариқи ҳавопаймои Iran Air ба кишвари Мексика парвоз кунад.
Тими миллии Эрон ду бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонро дар шаҳри Лос-Анҷелес баргузор мекунад: рӯзи 15 июн бо Зеландияи Нав ва 21-уми июн Белгия бозӣ хоҳад кард. Сипас мунтахаби Эрон 26 июн бо Миср дар Сиэтл рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аз 11 июн то 19 июл дар кишварҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад.
