Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино дар бораи иштироки эҳтимолии тими миллии Эрон дар Ҷоми ҷаҳон, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад, изҳори назар кард.
"Мо аз вазъияти душвори дастаи Эрон хуб огоҳ ҳастем ва вазъиятро бодиққат арзёбӣ мекунем. Бо вуҷуди ин ба кор идома медиҳем ва ҳама кори аз дастамон меомадаро мекунем, то бозиҳои онҳо дар Ҷоми ҷаҳон дар шароити бароҳаттарин баргузор шаванд. Нақшаҳои алтернативӣ вуҷуд надоранд - на B, C ё D - танҳо нақшаи А.
Мо дар муҳити мураккаби геополитикӣ зиндагӣ мекунем ва ва вазъиятро назорат дорем. Аммо бо вуҷуди ин метавонем одамонро муттаҳид кунем, имкони эҳсоси ягонагӣ фароҳам орем ва фазои сулҳ ва ҷашнро эҷод кунем", иқтибос овардааст El Financiero аз суханони Инфантино.
Раҳбари ФИФА махсусан қайд кард, ки тими миллии Эрон ҷойгоҳи худро дар Ҷоми Ҷаҳон "пеш аз мӯҳлат ва танҳо дар майдонҳои варзишӣ" таъмин кард ва аз ин рӯ, созмони байналмилалии футбол қасд дорад, ки ба ин натиҷа эҳтиром гузорад.
