Тимҳои миллии Австрия, Норвегия ва Шотландия мустақиман ба Ҷоми Ҷаҳонии 2026, ки тобистони соли 2026 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад, роҳ ёфтанд. Ҳар се даста дар гурӯҳҳои хеш дар марҳилаи интихобии минтақаи УЕФА ҷойҳои аввалро гирифтанд. Ин аввалин иштироки Австрия, Норвегия ва Шотландия дар асри 21 дар Ҷоми Ҷаҳон хоҳад буд.
Охирин маротиба ҳар сеи ин тимҳои миллӣ дар Ҷоми Ҷаҳонии соли 1998, вақте ки мусобиқа дар Фаронса баргузор шуда буд, ширкат карданд. Норвегия дар Ҷоми Ҷаҳонии 1998 ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфт, дар ҳоле ки Австрия ва Шотландия пас аз марҳилаи гурӯҳӣ аз мусобиқа хориҷ шуданд.
Ҷоми Ҷаҳонии 2026 барои Австрия ҳаштумин, барои Норвегия чорумин ва нуҳумин барои Шотландия хоҳад буд.
