Нашрияи испании AS хабар медиҳад, ки дар сурати ба “Реал Мадрид” омадани Жозе Моуринйо бояд, ки ду талаботи ӯро қонеъ намуд.
Аввалан, Моуринйо мехоҳад дар қарорҳои интиқолӣ саҳм гузорад. Инҷо на гап сари таъсиррасонӣ ба қарорҳои оиди хариди бозигарони мушаххас, балки дар бораи он аст, ки кадом мавқеъҳо бояд тақвият дода шаванд.
Дуюм, ӯ хоҳиш мекунад, ки тартиби кор ё худ иерархия ва ҷараёни кории ҳамаи шӯъбаҳои бошгоҳ бояд қатъиян риоя карда шавад. Ҳадаф ҳам пешгирӣ аз вазъиятҳои монанд ба ҳолатҳое аст, ки ин мавсим байни Винисиус Жуниор ва сармураббии собиқ Хаби Алонсо рух додаанд.
Моуринйо аз соли 2010 то 2013 “Реал Мадрид”-ро тамрин додааст. Ӯ бо бошгоҳи шаҳри Мадрид ғолиби чемпионати Испания, Ҷоми Испания ва Суперҷоми Испания шудааст.
