LIVE

Ван Дейк бохти “Ливерпул” аз “ПСЖ”-ро дар Лигаи Чемпионҳо шарҳ дод

Сарвони бошгоҳи “Ливерпул” Вирҷил ван Дейк оиди шикасти дастаашро дар бозии аввали даври чорякфиналии Лигаи Чемпионҳо  зидди ПСЖ (0:2) шарҳ дод.
Лигаи Чемпионҳо. Чорякфинал. Даври аввал
9 апрели соли 2026, панҷшанбе. 00:00 ДШБ
“ПСЖ” (Париж, Фаронса) 2:0 “Ливерпул” (Ливерпул, Англия)
1:0 Дуе – 11' 2:0 Кваратсхелия – 65'
"Албатта, ман аз шикаст дар ин бозӣ норозӣ ҳастам. Ягона нуктаи мусбат ин аст, ки мо ҳафтаи оянда бозии дигаре дорем. Бароямон душвор буд. Якчанд имкониятҳо доштем, ки дар он мо метавонистем беҳтар бозӣ кунем. Онҳо (парижиҳо) пайваста дар майдон ҳаракат мекунанд. Бояд омодагии хуб дошта бошем ва рақибони худро назорат кунем. Якчанд имкониятҳо дар хати ҳамла ҳам доштем. Метавонем дар Энфилд тӯбро беҳтар назорат кунем», - иқтибос меорад Footmercato аз суханони ван Дейк.
Бозии дуюм байни дастаҳои “Ливерпул” ва “ПСЖ” рӯзи 14-уми апрел дар варзишгоҳи Энфилди шаҳри Ливерпул баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив