LIVE

«Ливерпул» тавонист дар Лигаи Чемпионҳо «Атлетико Мадрид»-ро шикаст диҳад

Бозии якуми даври умумии мавсими Лигаи Чемпионҳо 2025/2026 миёни дастаҳои “Ливерпул” ва “Атлетико Мадрид” ба анҷом расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Энфилд»-и Ливерпул бозӣ карданд ва тими англисӣ бо ҳисоби 3:2 аз ғалабаи хеш ҷашн гирифт.
Лигаи чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 1-ум
Чоршанбе, 18 сентябри соли 2025. 00:00 MSK
“Ливерпул” (Ливерпул, Англия) 3:2 “Атлетико Мадрид” (Мадрид, Испания)
1:0 Робертсон – 4' 2:0 Салоҳ – 6' 2:1 М. Лйоренте – 45+3' 2:2 М.Лйоренте – 81' 3:2 Ван Дейк – 90+2'
Дар дақиқаи чоруми рақобат ҳимоятгар Эндрю Робертсон пас аз иҷрокунии зарбаи ҷаримавӣ аз ҷониби ҳамлагар Муҳаммад Салоҳ муаллифи гол шуд. Салоҳ худ тавонист дар дақиқаи шашум ба задани гол даст ёбад. Дар дақиқаи 45+3 ҳимоятгари «Атлетико» Маркос Лйоренте ҳисобро як бар ду намуд. Лйоренте дар дақиқаи 81-ум аз голи дуюм истиқбол гирифта, ҳисобро баробар кард. Вале билохира ҳимоятгари “Ливерпул” Вирҷил ван Дейк дар дақиқаи 90+2 голи пирӯзиоварро ба самар расонд.
Бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои имсола дар варзишгоҳи “Пушкаш Арена”-и шаҳри Будапешт рӯзи 30-юми майи соли 2026 баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив