LIVE

Слот бохти ҳангомавии “Ливерпул”-ро аз “Вулверхемптон” шарҳ дод

Сармураббии бошгоҳи “Ливерпул” Арне Слот бохти дастааш бо ҳисоби 2-1 аз “Вулверхэмптон Уондерерс”-ро дар даври 29-уми Премер-лигаи Англия 2025/26 шарҳ дод.
Англия -  Премер-лига. Даври 29-ум
4 марти соли 2026, чоршанбе. 01:15 ДШБ
“Вулверхэмптон” (Вулверхэмптон) 2:1 “Ливерпул” (Ливерпул)
1:0 Гомеш – 78' 1:1 Салах – 83' 2:1 Андре Триндаде – 90+4'
"Натиҷаи бад. Мо дар нимаи аввал ба сатҳи худ нарасидем, аммо дар нимаи дуюм бозии худро беҳтар кардем. Имкониятҳо доштем, аммо вақте  рақиб бори нахуст ба майдони ҷаримаи мо ворид шуд, гол сар додем. Зуд вокуниш нишон додем ва чанд маротиба ба ғалаба наздик шудем, аммо дар ниҳоят пас аз як зарбаи такрорӣ мағлуб шудем - асосан бидуни имконияти возеҳи голзанӣ. Ин махсусан ноумедкунанда аст, бо назардошти он ки мо барои гол заҳмат мекашем. Асосан аз аз ҳолатҳои стандартӣ гол мезанем, аммо мо дар амалӣ кардани имкониятҳои дигари голзанӣ мушкилот дорем", - иқтибос меорад NBC Sports аз суханони Слот.
Пас аз ин бозӣ “Ливерпул” бо 48 имтиёз дар зинаи панҷуми ҷадвали Премер-лигаи Англия қарор дорад, дар ҳоле ки “Вулверхэмптон” бо 16 имтиёз дар зинаи 20-ум боқӣ мемонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив