Бо эҳтимолияти зиёд сармураббии феълии бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” Майкл Каррик дар ин вазифа ба таври доимӣ боқӣ бимонад. Дар ин бора рӯзноманигор Фабрисио Романо дар шабакаҳои иҷтимоии X хабар додааст.
Ба гуфтаи манбаъ сармураббӣ бо роҳбарият ва бозигарони “Манчестер Юнайтед” муносибатҳои хуб барқарор кардааст. Роҳбарони бошгоҳ намехоҳанд, ки дар бораи интихоби мураббии нав шитоб кунанд ва қасд доранд, ки дар ин маврид танаффус гиранд.
“Манчестер Юнайтед” айни замон бо 55 имтиёз дар зинаи сеюми ҷадвали Премер-лигаи Англия қарор дорад. Каррик аз моҳи январ дар ин даста кор мекунад ва Рубен Аморимро иваз намуда буд.
