LIVE

Сармураббии бошгоҳи “Ливерпул” бо эҳтимолияти зиёд иваз мешавад

Журналисти маъруфи итолиёвӣ Николо Скира дар бораи эҳтимолияти зиёди тағйироти кадрӣ дар “Ливерпул” хабар дод.
Ба гуфтаи рӯзноманигор роҳбарияти бошгоҳи “мерсисайдӣ” метавонад Арне Слотро аз кор ронад, агар даста ба Лигаи Чемпионҳои УЕФА дар мавсими 2026/27 роҳ наёбад ё мавсими ҷориро бе ба даст овардани ҷоиза ба анҷом расонад.
Яке аз довталабони асосӣ барои иваз кардани ин мураббии ҳолландӣ Хаби Алонсо аст, ки роҳбарияти “Ливерпул” нисбаташ эътимоди зиёд дорад.
Даста айни замон дар ҷадвали Премер-лига бо 42 имтиёз дар ҷои шашум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив