LIVE

«Наполи» тобистон 8 бозигари нав шомили даста мекунад

Бошгоҳи итолиявии «Наполи» ният кардааст, ки дар равзанаи тобистонаи трансферӣ 8 бозигари нав харидорӣ намояд. Дар ин бора рӯзноманигор Николо Скира дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар дод.
Ба иттилои манбаъ роҳбарияти бошгоҳ мехоҳад ба ҷои Хвича Кварасхелия, ки ба ПСЖ гузариш анҷом дода буд, ҳамчунин як дарвозабони нав, муҳофизатгари асосӣ, ду бозигар дар хати ҳимояи марказӣ, нимҳимоятгари марказӣ, як ё ду бозигарони канорӣ ва инчунин як ҳамлагарро чун ивазкунандаи Ромелу Лукаку харидорӣ намояд.
Айни замон «Интер» бо 64 имтиёз дар ҷадвали чемпионати Италия пешсаф аст. «Наполи» бо 61 имтиёз дар ҷои дуюм қарор дорад. «Аталанта» бошад бо 58 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив