“Манчестер Юнайтед” идеяи таъин кардани Оле Гуннар Сулшерро ба ҳайси сармураббӣ рад кард ва ин корро ҳамчун як лоиҳаи дарозмуддат дид. Мураббии норвегиягӣ мехост, ки ислоҳоти ҳамаҷонибаро анҷом диҳад, ки солҳо давом мекард ва он ҳам ба роҳбарияти бошгоҳ мувофиқ набуд. Дар ин бора рӯзноманигор ва инсайдер Дэвид Орнштейн барои Sky Sports хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ Майкл Каррик танҳо то охири мавсими ҷорӣ омода буд, ки вазифаи сармураббигии “Манчестер Юнайтед”-ро ба ӯҳда гирад.
Тавре ки Орнштейн таъкид мекунад, барои роҳбарияти "девони сурх" Сулшер чун таҷассумгари даврони гузашта мебошад. Роҳбарияти бошгоҳ эҳтимолан ҳис мекард, ки бозгашти ӯ як қадам ба қафо хоҳад буд. Бо таъин шудани Каррик ин эҳсосот ба таври назаррас камтар зоҳир мешавад.
“Манкунианиҳо” рӯзи сешанбе, 13-уми январ оиди таъйиншавии Кэррик эълон карданд. Сулшер бошад аз соли 2018 то 2021 сармураббии "девони сурх" буд.
