LIVE

“МЮ” силсилабозиҳои бебохти худро то шаш бозӣ дароз кард

“Манчестер Юнайтед” шашумин бозии худро таҳти роҳбарии Майкл Кэррик анҷом дод. Дар ин муддат даста панҷ пирӯзӣ ва як мусовӣ кардааст.
Англия —Премер -лига. Даври 27-ум
Сешанбе, 24 феврали соли 2026. 01:00 ДШБ
“Эвертон” (Ливерпул) 0:1 “Манчестер Юнайтед” (Манчестер)
0:1 Шешко – 71'
Дар бозии даври 27-уми  Премер-Лигаи Англия “Манчестер Юнайтед” “Эвертон”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Бенҷамин Шешко голи ягонаи бозиро дар дақиқаи 71-ум ба ҳадаф расонид.
“Манчестер Юнайтед” бо 48 имтиёз дар  Премер-Лигаи Англия дар ҷои чорум қарор дорад. "Девҳои сурх" дар бозии навбатии худ рӯзи 1-уми март бо "Кристал Пэлас" рақобат хоҳанд кард.
Каррик моҳи январи соли 2026 пас аз рафтани Рубен Аморим ба ҳайси мураббии муваққатии "Манчестер Юнайтед" таъин шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив