Бозии аввали даври ҳаштякниҳоии Лигаи чемпионҳо миёни дастаҳои “Галатасарай” ва “Ливерпул” ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Рамс Парк”-и шаҳри Истанбул доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди тими мизбон хотима ёфт. Довари асосии бозӣ Хесус Хил Мансано аз Испания буд.
Голии ягонаи дидор дар дақиқаи 7-ум ба самар расид, вақте ки нимҳимоятгари “Галатасарай” Марио Лемина пас аз иҷрои зарбаи кунҷӣ ҳисобро кушод.Виктор Осимхен муаллифи паси головар шуд.
Дар идомаи бозӣ ҳамлагари нигериягии мизбонон Виктор Осимҳен дар дақиқаи 63-юм голи дуюмро зад, аммо доварон онро бо сабаби ҳолати офсайд бекор карданд. Ҳамчунин дар дақиқаи 71-ум пас аз баррасии системаи VAR голи задаи дифоъгари “Ливерпул” -Ибраима Конате низ, ки баъди зарбаи кунҷӣ ба даст омада буд, бекор гардид.
Қобили зикр аст, ки “Ливерпул” дар бозиҳои байнихудӣ муқобили “Галатасарай” омори начандон хуб дорад. Охирон маротиба “мерсисайдҳо” 20 сол пеш муқобили “Галатасарай” пирӯзӣ доштанд.
Бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 18 март баргузор мешавад. Ин дидор дар варзишгоҳи “Энфилд”-и шаҳри Ливерпул доир мегардад. Ғолиби ин ҷуфт дар даври чорякниҳоии Лигаи чемпионҳо бо ғолиби ҷуфти “ПСЖ” ва “Челси” рақобат хоҳад кард.
