LIVE

Аввалин бохти "Манчестер Юнайтед" таҳти роҳбарии Майкл Кэррик

"Манчестер Юнайтед" дар бозии даври 29-уми Премер-Лигаи Англия 2025/26 бо ҳисоби 2-1 аз "Нюкасл Юнайтед" мағлуб шуд. Ин аввалин шикасти "девони сурх" таҳти роҳбарии сармураббии муваққаттӣ Майкл Кэррик буд.
Англия — Премер-Лига. Даври 29-ум
5 марти соли 2026, панҷшанбе. 01:15 ДШБ
“Нюкасл Юнайтед” (Нюкасл-апон-Тайн) 2:1 “Манчестер Юнайтед” (Манчестер)
1:0 Гордон – 45+6' 1:1 Каземиро – 45+9' 2:1 Осула – 90'
Корти сурх: Рэмси – 45+1' /  
Пеш аз вохӯрӣ бо "зоғон" даста таҳти роҳбарии ин бозигари англисӣ тавонист дар Премер-лига шаш пирӯзӣ ба даст орад ва як маротиба мусовӣ бозӣ карда, дар ҷадвал ба ҷои сеюм барояд.
Ғайр аз ин, Кэррик пеш аз таъин шудани Ралф Рангник дар мавсими 2021/2022 муваққаттан сармураббии "Манчестер Юнайтед" буд. Он вақт "маникуаниҳо" аз се бозӣ ду пирӯзӣ ва як мусовӣ дошта буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив