LIVE

Уестон Маккенни мӯҳлати шартномаашро бо “Ювентус” тамдид кард

Бошгоҳи футболи “Ювентус”-и Турин дар сомонаи расмии худ оиди тамдидкунии шартнома бо нимҳимоятгар Уестон Маккенни эълон кард.
Шартномаи нави бозигар бо "бянконери" то тобистони соли 2030 мӯҳлат дорад.
Нимҳимоятгар дастпарвари бошгоҳҳои "Шалке" ва "Даллас" буда, инчунин дар дар тими асосии шаҳри Гелзенкирхен  бозӣ кардааст. Ӯ бори аввал соли 2020 ба бошгоҳи шаҳри Турин тариқи иҷора пайваст ва соли 2021 пурра ба даста ҳамроҳ шуд. Бозигари амрикоӣ инчунин дар сафаи “Лидс Юнайтед” бозӣ кардааст.
Дар 38 бозии ин мавсим Маккенни ҳашт гол ва ҳафт паси голӣ ба номаш навишта кардааст. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозигар 22 миллион евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив