Нимҳимоягари "Манчестер Юнайтед" Ҷейдон Санчо тариқи иҷора ба сафи "Астон Вилла" гузариш анҷом дод. Дар ин бора сомонаи расмии “шерон” хабар додааст.
Шартномаи иҷоравии бозигар бо тими шаҳри Бирмингем барои як мавсим аст.
Ёдовар мешавем, ки "Манчестер Юнайтед" аз тобистони соли 2021 ҳуқуқ ба Санчо дорад. Дар ин муддат футболбоз дар тамоми мусобиқаҳо 83 бозӣ карда, 12 гол ва 6 ассист дар номаш дорад. Шартномаи бозигари 25-сола бо “девони сурх” то тобистони соли 2026 мӯҳлат дошта, арзиши бозории ӯро сомонаи Transfermarkt 28 миллион евро арзёбӣ кардааст. Илова бар ин, футболбоз қаблан дар дастаҳои «Боруссия Дортмунд» ва «Челси» низ бозӣ кардааст.
