LIVE

Маркус Рэшфорд то ҳол мехоҳад ба “Барселона” гузариш анҷом диҳад

Ҳамлавари "Манчестер Юнайтед" Маркус Рэшфорд, ки ҳоло тариқи иҷора дар “Астон Вилла” бозӣ мекунад, ҳоло ҳам баҳри гузариш ба "Барселона" омода аст, хабар медиҳад Give me sport.
Ба иттилои манбаъ, футболбоз мехоҳад фаъолияти худро дар клубе, ки дар Лигаи қаҳрамонҳо бозӣ мекунад, идома диҳад. Инчунин қайд карда мешавад, ки ӯ ният надорад, ки пас аз иҷора ба «Манчестер Юнайтед» баргардад.
Рэшфорд зимистони имсол аз “Манчестер Юнайтед” ба «Астон Вилла» ба иҷора дода шуда буд. Рэшфорд дар тамоми мусобиқаҳо дар ҳайати дастаи Унаи Эмери 17 бозӣ карда, 4 гол ва 6 ассист дар номаш дорад. Мӯҳлати шартномаи бозигар бо "Манчестер Юнайтед" то соли 2028 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив