LIVE

УЕФА "Тоттенҳэм"-ро барои рафтори мухлисонаш муҷозот намуд

Кумитаи интизомии Иттиҳодияи Ассотсиатсияҳои Футболи Аврупо (UEFA) тасмим гирифт, ки дастаи англисии "Тоттенҳэм"-ро барои рафтори табъизӣ дар бозии даври 8-уми Лигаи Чемпионҳо бо дастаи олмонии "Айнтрахт Франкфурт" ба маблағи 30 000 евро ҷарима кунад. Бозӣ 28 январ дар Франкфурти Майн баргузор шуд ва бо пирӯзии 2-0 барои "Тоттенҳэм" ба анҷом расид.
Лигаи Чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 8-ум
Панҷшанбе, 29 январи соли 2026. 01:00 ДШБ
“Айнтрахт Франкфурт” (Франкфурти лаби Майн, Олмон) 0:2 “Тоттенҳэм Хотспур” (Лондон, Англия)
0:1 Коло Муани – 47' 0:2 Соланке – 77'
Тибқи иттилои BBC, се мухлиси "Тоттенҳэм" дар давоми бозӣ ишораҳои миллатгароёна карданд. Илова бар ҷарима бошгоҳ аз фурӯши чиптаҳо ба мухлисонаш барои бозии навбатии сафарии даста таҳти сарпарастии УЕФА шартан манъ карда шуд. Мӯҳлати озмоишии ин муҷозот як сол аз санаи қабули қарор аст. “Тоттенҳэм” инчунин барои партофтани ашё ба майдон ба маблағи 2250 евро ҷарима шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив