LIVE

Аввалин бохти “Тоттенҳэм” дар мавсими ҷории Лигаи Чемпионҳо

Бошгоҳи футболи “Тоттенҳэм” дар ин мавсим аввалин шикасти худро дар Лигаи Чемпионҳо ба қайд гирифт. Онҳо дар бозии даври панҷуми марҳилаи умумӣ аз ПСЖ бо ҳисоби 3-5 мағлуб шуданд.
Лигаи Чемпионҳо. Даври 5-ум
Панҷшанбе, 27 ноябри соли 2025. 01:00 ДШБ
ПСЖ (Париж, Фаронса) 5:3 “Тоттенҳэм Хотспур” (Лондон, Англия)
0:1 Ришарлисон – 35' 1:1 Витиня – 45' 1:2 Коло Муани – 50' 2:2 Витиня – 53' 3:2 Руис – 59' 4:2 Пачо – 65' 4:3 Коло Муани – 73' 5:3 Витиня – 76'
Корти сурх: Эрнандес – 90+3' 
Қаблан бошгоҳи “Тоттенҳэм” бар “Вилларреал” (1-0) ва “Копенҳаген” (4-0)-ро пирӯз шуда, инчунин бо “Буде/Глимт” (2-2) ва “Монако” (0-0) мусовӣ карда буд.
“Тоттенҳэм” айни замон бо ҳашт имтиёз дар ҷадвали марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо дар ҷои 16-ум қарор дорад. Дар ҳамин ҳол, ПСЖ бо 12 имтиёз дар зинаи дуюм аст. “Арсенал” бо 15 имтиёз пешсафи ҷадвал мебошад.
Дар даври оянда “Тоттенҳэм” бо “Славия Прага” ва ПСЖ бо “Атлетик Билбао” бозӣ хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив