Бозии марҳилаи чорякфиналии Лигаи Аврупо миёни дастаҳои «Айнтрахт» ва «Тоттенхэм Хотспур» ба охир расид. Бозӣ дар варзишгоҳи “Франкфурт Арена”-и шаҳри Франкфурти Олмон баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи меҳмонон анҷом ёфт.
Лигаи Аврупо. 1/4 финал. Бозии 2-юм
18 апрели соли 2025, ҷумъа. 00:00 ДШБ
“Айнтрахт Ф” (Франкфурти Майн, Олмон) 0:1 “Тоттенхэм Хотспур” (Лондон, Англия)
0:1 Соланке – 43'
Бошгоҳи “Тоттенхэм” дар дақиқаи 43-юм ҳисобро кушод. Ҳамлагари ин даста Доминик Соланке аз зарбаи пеналтӣ гол зад. Маҳз ҳамин голе, ки дар фурсатҳои ахири қисми якум зада шуд, ягона голи вохурй гардид.
Ёдовар мешавем, ки бозии аввал байни дастаҳо мусовӣ (1:1) анҷом ёфта буд. Ҳамин тариқ, “Тоттенҳэм” ба шарофати бартарӣ дар ҷамъи ду бозӣ ҳуқуқи ширкат дар даври ниманиҳоиро ба даст овард. Дар даври 1/2 финали Лигаи Аврупо «Тоттенхэм» бо ғолиби бозии «Буде/Глимт» рақобат мекунад.