Бозии даври сеюми марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо байни дастаҳои «Айнтрахт» ва «Ливерпул» дар варзишгоҳи Франкфурт Арена (Франкфурти Олмон) баргузор шуда, бо бо ғалабаи меҳмонон ба ҳисоби 5:1 анҷом ёфт.
Лигаи чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 3-юм
Панҷшанбе, 23 октябри соли 2025. 00:00 ДШБ
“Айнтрахт Франкфурт” (Франкфурти лаби Майн, Олмон) 1:5 “Ливерпул” (Ливерпул, Англия)
1:0 Кристенсен – 26' 1:1 Экитике – 35' 1:2 Ван Дейк – 39' 1:3 Конате – 44' 1:4 Гакпо – 66' 1:5 Собослаи – 70'
Дар дақиқаи 26-ум ҳимоятгари «Айнтрахт» Расмус Кристенсен голи аввалро бозиро ба самар расонд. Дар дақиқаи 35-ум ҳамлагари дастаи “Ливерпул” Уго Экитике ҳисобро баробар кард. Ҳимоятгар Вирҷил ван Дейк дар дақиқаи 39-ум меҳмононро ба пеш баровард. Ҳимоятгари дигари дастаи «Ливерпул» Иброҳим Конате бошад дар дақиқаи 44-ум ба дарвозаи мизбонон голи сеюмро ворид намуд. Нимҳимоятгар Коди Гакпо дар дақиқаи 66-ум бартарии “мерсисайдиҳо”-ро ба чор бар як расонид. Ахиран дар дақиқаи 70-ум нимҳимоятгари «Ливерпул» Доминик Собослай ҳисобро панҷ бар як намуд.
Пас аз бозии даври 3-юм “Айнтрахт Франкфурт” бо се имтиёз дар зинаи 22-юми ҷадвали умумии Лигаи Чемпионҳо қарор дошта, «Ливерпул» шаш хол дорад ва дар зинаи 10-ум аст.
