LIVE

Ду голи Обамеянг пирӯзии “Марсел”-ро зидди “Лион” таъмин кард

Бозии даври 24-уми мавсими ҷории Лигаи 1-и Фаронса   байни дастаҳои “Марсел” ва “Лион” ба  дар варзишгоҳи "Стад Оранж Велодром" (Марсел, Фаронса)  бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3-2 анҷом пазируфт.
Фаронса - Лигаи 1. Даври 24-ум
2 марти соли 2026, душанбе. 00:45 ДШБ
“Марсел” (Марсел) 3:2 “Лион” (Лион)
0:1 Толиссо – 3' 1:1 Пайшао – 52' 1:2 Имберт – 76' 2:2 Обамеянг – 81' 3:2 Обамеянг – 90+1'
Нимҳимоятгари бошгоҳи “Лион” Корентин Толиссо дар дақиқаи сеюм голи аввалини бозиро ба самар расонид.   Дар дақиқаи 53-юм ҳамлагари мизбонон Игор Пайшао ҳисобро баробар кард. Ҳамлагар Реми Имберт бошад баъди қабули ирсол аз ҷониби Эндрик голи дуюми тимашро дар дақиқаи 76-ум ба дарвозаи “Марсел” зад. Билохира, дар дақиқаи 81-ум  ҳамлагари мизбон Пйер-Эмерик Обамеянг ҳисобро баробар кард ва дар дақиқаи 90+1 ин ҳамлагар бо голи дуюми хеш пирӯзии тимашро бо ҳисоби 3-2 таъмин кард.
Пас аз 24 бозӣ дар лигаи олии   кишвари Фаронса бошгоҳи “Лион” 45 имтиёз дорад ва дар зинаи сеюми ҷадвал қарор дорад. “Марсел” бошад бо 43 имтиёз дар ҷои чорум мебошад.
Дар бозии навбатӣ бошгоҳи “Лион” рӯзи 8-уми март дар майдони худ бо “Париж” бозӣ мекунад, дар ҳоле ки “Марсел” як рӯз пеш ба  шаҳри Тулуза сафар мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив