Имрӯз нобиғаи футболи тоҷик — Владимир Ғуломҳайдаров ба синни мубораки 80-солагӣ қадам гузошт.
Ёдовар мешавем, ки Владимир Ғуломҳайдаров яке аз дурахшонтарин ситораҳои футболи тоҷик дар солҳои 60–70-уми асри XX ба шумор мерафт. Ӯ бо ҳунари воло, техникаи нозук ва тарзи зебои бозӣ тавониста буд муҳаббати ҳазорон ҳаводори футболро ба даст оварад.
Ғуломҳайдаров солҳои 1964–1977 дар ҳайати дастаи машҳури душанбегии Помир Душанбе ҳунарнамоӣ карда, дар 241 бозӣ 30 гол ба самар расонидааст.
Ҳамчунин, ӯ солҳои 1969–1970 шарафи бошгоҳи маъруфи русиягии Торпедо Москва-ро ҳимоя намуда, яке аз аввалин футболбозони тоҷик гардид, ки дар сатҳи олии футболи шӯравӣ баромад кардааст. Соли 1968 бошад, ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, дар ҳашт бозӣ се гол задааст.
Пас аз анҷоми фаъолияти бозигарӣ, беш аз 40 сол ҳамчун мураббӣ фаъолият бурда, дар рушди футболи миллӣ саҳми назаррас гузоштааст. Таҳти роҳбарии ӯ соли 1980 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи умумииттифоқии «Переправа» («Гузариш») мақоми аввалро ишғол намуда, бо ҷоизаи ҳафтаномаи «Футбол-Хоккей» қадрдонӣ шудааст.
Зодрӯз муборак, Владимир Ғуломҳайдаров! Ба Шумо сиҳатмандии бардавом, умри дароз ва рӯзгори пурфайз таманно дорем!

