LIVE

«Истиқлол» бо собиқ бозигари дастаҳои “Элче” ва “Валенсия шартнома баст

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе хатти дифои худро бо ҷалби ҳимоятгари баландқомади украинӣ Иван Зотко тақвият дод. 
Шартнома бо футболбоз то охири мавсим ба имзо расид.
Охирин дастаи ҳимоятгар дастаи ӯ «Узген»-и Қирғизистон буд, ки дар ҳайати он 9 бозӣ анҷом дод. Соли 2016 бо «Валенсия» шартнома баста, дар дастаи захиравии он — «Валенсия Месталя» (Сегунда B) — 30 бозӣ анҷом дод. Ҳамчунин дар «Элче» низ 9 бозӣ анҷом додааст.
Иван Зотко қаҳрамон ва дорандаи Ҷоми   Арманистон буда, таҷрибаи хуби байналмилалӣ дорад. 
Ӯ дар чемпионатҳои Украина, Испания, Литва, Арманистон ва Қирғизистон  ҳунарнамоӣ кардааст. То  имрӯз дар корномаи футболбозиаш  дар 183 бозӣ иштирок намудааст. Дар ҳисоби худ 10 гол ва 3 паси головар дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив