Ҷошуа Акпуҷе ҳимоятгари марказии 26-сола аз Нигерия ба ҳайати дастаи “Истиқлол” ҳамроҳ шуда, то анҷоми мавсим шартнома имзо кард. Дар ин бора дафтари матбуотии тими шаҳри Душанбе хабар додааст.
Акпуҷе корномаи футболиашро дар ватани худ дар клуби МФМ оғоз намудааст. Сипас дар дастаҳои соҳили Балтика “Даугавпилс”, “Паневежис”, инчунин тими “Яблонетс”-и Чехия ва “Илвес”-и Финляндия ҳунарнамоӣ намудааст.
Дар омори футболбоз 141 бозӣ дар сатҳи Лигаҳои бартар ба қайд гирифта шуда, дар ҳисоби худ се гол ва ду паси головар дорад.
Пас аз имзои шартнома, Ҷошуа Акпуҷе имрӯз аввалин тамрини хубро дар ҳайати «Истиқлол» баргузор намуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан “Истиқлол” шартномаи ҳамкориро бо 5 футболбози хориҷӣ ҳимоятгари украинӣ Алексей Ларин, нимҳимоятгари бразилӣ Мурилло Соуза, Дарко Илиескии македонӣ, Димитар Миткови булғорӣ ва Франческо Марҷиоттаи итолиёвӣ қатъ карда буд.
Инчунин, “Истиқлол”-ро бозигарони маҳаллӣ Амадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев ва Эҳсони Панҷшанбе низ тарк карданд. Эҳсон ба Суперлигаи Ӯзбекистон ба “Суғдиёна” гузашт. Амадонӣ ба Лигаи Эрон ба дастаи “Гул Гуҳар” пайваст. Шервонӣ Мабатшоев ба Чемпионати Озарбойҷон ба дастаи “Капаз” гузашт.
Дастаи “Истиқлол” дар равзанаи кунунии трансферӣ чунин бозигарон ҳамлагари 19 сола Масрур Ғафуров, футболбози нигериягӣ Ҷозеф Окорои 24 сола, ҳамлагар Муҳаммадҷон Раҳимов, нимҳимоятгар Денис Беганович, ниммуҳофизатгари 24 сола Николас Лоуренс Анвон, ниммуҳофизатгари ҳуҷумкори эронӣ Ризо Деҳқонӣ ва дифоъгар Рустам Камоловро ба ҳайаташ ҷалб намуд. Шаҳром Сулаймонов ва Ромиш Ҷалилов аз “Ҳосилот”, ки тариқи иҷора бозӣ мекарданд, ба “Истиқлол” баргаштанд.
Ҳамчунин, “Истиқлол” созишномаи ҳамкориро бо капитани даста Алишер Ҷалилов, дарвозабон Муҳриддин Ҳасанов, ҳимоятгар Табрез Исломов ва ҳуҷумкор Манучеҳр Ҷалилов тамдид карда буд.
“Истиқлол” инчунин, Шуҳрат Шоҳназаровро ба “Хуҷанд”, дарвозабон Олимҷон Ҷӯраев ба “Сардор”, Ҳайдар Сатторов ба “Ҳулбук” ва Меҳрон Мадаминов ба “Бақрчӣ” то охири мавсим ба иҷора дода шуданд. Мувофиқи шартнома “Истиқлол” ҳуқуқи пеш аз мӯҳлат баргардонидани футболбозони ҷавонро дар доираи равзанаи наздиктарини трансферӣ нигоҳ медорад.