LIVE

Николас Лоуренс бозигари “Истиқлол” шуд!

Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе барои пурқувваткардани ҳайати даста аз Нигерия бозигар харид. Николас Лоуренс Анвон ба ҳайати тими шаҳри Душанбе ҳамроҳ шуд.

Шартномаи ҳамкорӣ бо ниммуҳофизатгари 24 сола то охири соли 2025 ба тасвиб расонида шуд. Бозигари мазкур дастпарвари Академияи «Аруна Бабангида» буда, ба ҳайси футболбози касбӣ дар тимҳои «Тамбов», «Химки» (Россия) ва «Фатих Карагюмрюк»-и Туркия ҳунарнамоӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан «Истиқлол» шартномаи ҳамкориро бо 5 футболбози хориҷӣ ҳимоятгари украинӣ Алексей Ларин, нимҳимоятгари бразилӣ Мурилло Соуза, Дарко Илиескии македонӣ, Димитар Миткови булғорӣ ва Франческо Марҷиоттаи итолиёвӣ қатъ карда буд.

Инчунин, “Истиқлол”-ро бозигарони маҳаллӣ Амадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев ва Эҳсони Панҷшанбе низ тарк карданд. Эҳсон ба Суперлигаи Ӯзбекистон ба “Суғдиёна” гузашт. Амадонӣ ба Лигаи Эрон ба дастаи “Гул Гуҳар” пайваст. Шервонӣ Мабатшоев ба Чемпионати Озарбойҷон ба дастаи «Капаз» гузашт.

Дастаи “Истиқлол” дар равзанаи кунунии трансферӣ чунин бозигарон ҳамлагари 19 сола Масрур Ғафуров, футболбози нигериягӣ Ҷозеф Окорои 24 сола, ҳамлагар Муҳаммадҷон Раҳимов, нимҳимоятгар   Денис Беганович ва дифоъгар Рустам Камоловро ба ҳайаташ ҷалб намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив