Бозии даври 23-юми Ла Лигаи Испания байни дастаҳои “Валенсия” ва “Реал Мадрид” дар варзишгоҳи Месталя (Валенсия, Испания) бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 2-0 анҷом ёфт.
Испания. Примера. Даври 23-юм
9 феврали соли 2026, душанбе. 01:00 ДШБ
“Валенсия” (Валенсия) 0:2 “Реал Мадрид” (Мадрид)
0:1 Каррерас – 65' 0:2 Мбаппе – 90+1'
Ҳимоятгари “Реал Мадрид” Алваро Каррерас голи аввалини бозиро дар дақиқаи 65-ум зад. Дар дақиқаи 90+1 бошад ҳамлагари меҳмонон Килиан Мбаппе ҳисоби ниҳоии 2:0-ро барои тимаш таъмин кард.
Пас аз 23 бозии Ла Лига “Реал Мадрид” бо 57 имтиёз дар ҷои дуюми ҷадвал қарор дорад. “Валенсия” 23 имтиёз дорад ва дар зинаи 17-ум мебошад.
Дар даври оянда “Реал Мадрид” рӯзи 14-уми феврал дар майдони худ бо “Реал Сосйедад” рақобат мекунад ва як рӯз пас “Валенсия” дар меҳмонӣ бо “Леванте” бозӣ хоҳад кард.
