Нашрияи Скай Спорт хабар медиҳад, ки бошгоҳи “Ливерпул” барои гузариши ҳимоятгари марказии “Ренн” Жереми Жаке ба созиши шифоҳӣ расидааст.
“Ливерпул” розӣ шудааст, ки маблағи муқарраршудаи 55 миллион фунт стерлинг ва эҳтимолан 5 миллион фунт стерлингро дар шакли иловпулӣ вобаста ба фаъолияти баъдии бозигар пардохт кунад. Жаке бояд дар рӯзи охирини равзанаи зимистонаи трансферӣ дар сафи “Ливерпул” аз муоинаи тиббӣ гузарад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки “Челси” ба ин бозигар таваҷҷӯҳ зоҳир карда, шартҳои якхела ва монанд ба “Ливерпул”-ро пешниҳод кардааст. Аммо бо назардошти он, ки ҳимоятгар Мамаду Сарр эҳтимолан аз иҷораи “Страсбур” ба “Челси” бармегардад, Жаке ба фоидаи “Ливерпул” қарор кард.
Ин ҳимоятгар ин мавсим дар ҳама мусобиқаҳо дар сафи “Страсбур” 18 бозӣ анҷом дода, ягон гол назадааст. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории Жаке 20 миллион евро аст.
