Шаби 14-ум ба 15-уми январ бозии даври нимфиналии Ҷоми Миллатҳои Африқо байни тимҳои миллии Нигерия ва кишвари мизбон Марокаш дар варзишгоҳи Шоҳзода Мулло Абдулло дар шаҳри Работи Марокаш анҷом ёфт. Вақти асосӣ ва иловагии бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол ба анҷом расиданд, вале вақти силсилазарбаҳои пеналти Марокаш бо ҳисоби 4-2 пирӯз шуд.
Ҷоми Африқо. Нимфиналҳо
Панҷшанбе, 15 январи соли 2026. 01:00 ДШБ
Нигерия 0:0 (2:4) Марокаш
Ҳамлагар Юсуф Эн-Несирӣ дар вақти иҷроиши силсилазарбаҳои пеналтӣ голи ҳалкунандаро ба самар расонид.
Дар финал Марокаш бо Сенегал, ки қаблан Мисрро дар бозии дигари нимфиналӣ бо ҳисоби 1-0 мағлуб карда буд, рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозӣ баҳри медалҳои биринҷӣ рӯзи 17-уми январ баргузор мешавад. Финал як рӯз баъдтар, санаи 18-уми январ доир мегардад.
Қаҳрамони феълии Ҷоми Африқо мунтахаби Кот-д'Ивуар мебошад, ки дар финали соли 2023 Нигерияро бо ҳисоби 2-1 шикаст дода буд.
