LIVE

“Боруссия”-и Дортмунд дар бозии шашгола зидди “Айнтрахт” аз бохт наҷот ёфт

Бозии даври 16-уми мавсими Бундеслигаи Олмон 2025/26 байни дастаҳои “Айнтрахт Франкфурт” ва “Боруссия Дортмунд” дар майдони Франкфурт Арена баргузор шуда, бо ҳисоби 3-3 хотима ёфт.
Олмон - Бундеслига. Даври 16-ум
10 январи соли 2026, шанбе. 00:30 ДШБ
“Айнтрахт Франкфурт” (Франкфурти лаби Майн) 3:3 “Боруссия Дортмунд”
0:1 Байер – 10' 1:1 Узун – 22' 1:2 Нмеча – 68' 2:2 Эбнутолиб – 71' 3:2 Довуд – 90+2' 3:3 Чуквуемека – 90+6'
Ҳамлагари меҳмонон Максимилиан Байер дар аввали бозӣ ҳисобро кушод. Дар идома нимҳимоятгари “Айнтрахт” Кан Узун аз пеналтӣ ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 68-ум Феликс Нмеча ба "занбӯрҳои сиёҳ" пешсафӣ овард. Ҳамлагари мизбонон Юнус Эбнутолиб дар дақиқаи 71-ум гол зад. Дар дақиқаи 90+2-юм нимҳимоятгар Маҳмуд Довуд голи ғалабаоварро барои "Айнтрахт" зад. Аммо чор дақиқа пас  Карни Чуквуемека ҳисобро баробар кард.
Пас аз 16 бозии Бундеслига "Боруссия Дортмунд" бо 33 имтиёз   дар ҷои дуюм қарор дорад. "Айнтрахт" 26 имтиёз дорад ва дар зинаи ҳафтум мебошад.
Дар даври охир "Айнтрахт" бо "Гамбург" бо ҳисоби 1-1 мусовӣ бозӣ кард, дар ҳоле ки "занбӯрҳои сиёҳ" "Боруссия Мёнхенгладбах"-ро бо ҳисоби 2-0 мағлуб карда буданд. Дар даври оянда дастаи Дино Топпмёллер бо "Штутгарт" (13-уми январ) ва дастаи Нико Ковач бо "Вердер" (13-уми январ) бозӣ хоҳанд кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив