Бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Олмон байни бошгоҳҳои "Боруссия Дортмунд" ва "Байер" дар варзишгоҳи "Сигнал Идуна Парк"-и шаҳри Дортмунди Олмон доир шуда, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 1-0 анҷом ёфт.
Ҷоми Олмон. 1/8 ниҳоӣ
3 декабри соли 2025, чоршанбе. 01:00 ДШБ
"Боруссия Дортмунд" 0:1 "Байер"
0:1 Маза – 34'
Нимҳимоятгари меҳмонон Иброҳим Маза дар дақиқаи 34-ум ҳисобро кушод. "Байер" дар дақиқаи 60-ум бартарии худро ба шарофати голи нимҳимоятгар Мартин Терриер дучанд намуд, аммо пас аз баррасии наворҳои VAR ин гол бекор карда шуд. Бозӣ бо пирӯзии "Байер" бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расид.
Дар даври 1/32-юми Ҷоми Олмон “Боруссия Дортмунд” бар “Айнтрахт Франкфурт” зафар ёфта буд. “Байер Леверкузен” “Падерборн 07”-ро мағлуб кард.
Дорандаи феълии Ҷоми Олмон “Штутгарт” аст, ки дар финал “Арминия Билефелд”-ро бо ҳисоби 4:2 ноком намуд.
