LIVE

«Боруссия Д» бар «Боруссия М» ғалаба кард

Бозии даври 30-юми Бундеслигаи Олмон дар мавсими 2024/2025 ба анҷом расид, ки дар он дастаҳои «Боруссия Дортмунд» ва «Боруссия Мёнхенгладбах» вохӯрданд. Дастаҳо дар варзишгоҳи Дортмунди Олмон бозӣ карданд  ва соҳибони майдон бо ҳисоби 3:2 ғалаба карданд.
Олмон - Бундеслига. Даври 30-юм
20 апрели соли 2025, якшанбе. Соати 20-30
Боруссия Д” (Дортмунд3:2 “Боруссия М” (Менхенгладбах)
0:1 Итакура – 24'     1:1 Гирасси – 41'     2:1 Нмеча – 44'     3:1 Свенссон – 45+5'     3:2 Штёгер - 56'
Дар дақиқаи 24-ум ҳисобро ҳимоятгари дастаи меҳмон Коу Итакура кушод. Дар дақиқаи 41-ум бошад Серу Гирасси ҳисобро баробар кард. Сипас дар дақиқаи 44-ум Феликс Нмеча аз паси Карим Адееми мизбононро пеш баровард. Дар дақиқаи 45+5-ум Даниэл Свенссон голи сеюми дастаи «Боруссия»-и Дортмундро ба самар расонид. Дар дақиқаи 56-ум Кевин Стёгер аз зарбаи пеналт муаллифи гол шуда, натиҷаи рақобатро се бар ду намуд.
Пас аз 30 бозӣ "Боруссия Дортмунд" бо 45 имтиёз дар ҷои ҳафтуми ҷадвали Бундеслига қарор дорад. «Боруссия Мёнхенгладбах» бошад пас аз ҳамин шумораи бозиҳо бо 44 имтиёз дар зинаи 9-ум аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив