Ҳамлагари тими миллии Португалия ва бошлгоҳи саудии “Ал-Наср” Криштиану Роналду соли тақвимии 2025-ро бо 41 гол барои бошгоҳ ва кишвар ба анҷом расонд. Ҳамлагари 40-сола барои сеюмин соли пай дар пай зиёда аз 40 гол задааст.
Роналду 5 феврал 41-сола мешавад.
Рӯзи сешанбе, 30-юми декабр Роналду дар бозии мусовӣ бо “Ал-Иттифоқ” дар даври 12-уми Про-Лигаи Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2-2 гол зад. Ин 957-умин голи касбии ҳамлагари 40-сола буд.
Арабистони Саудӣ —Про-лига. Даври 12-ум
30 декабри соли 2025, рӯзи сешанбе. 8:30 PM MSK
“Ал-Иттифоқ” (Даммом) 2:2 “Ал-Наср” Риёз
1:0 Вейналдум – 16' 1:1 Феликс – 47' 1:2 Роналду – 67' 2:2 Вейналдум – 80'
Роналду ин мавсим дар 11 бозии Про-лигаи саудӣ 13 гол задааст, ки се гол аз зарбаи пеналти ба самар расонида шудаанд. Шартномаи кунунии ӯ бо бошгоҳ то тобистони соли 2027 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбози Криштиану Роналду 12 миллион евроро ташкил медиҳад.
