LIVE

Роналду бо “Ал-Наср” шартномаро тамдид мекунад

Ситораи португалӣ Криштиану Роналду аз бошгоҳи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ пешниҳоди шартномаи нави ҳамкорӣ гирифт. Дар ин бора хабарнигори Sportitalia Ҷанлуиҷи Лонгари хабар додааст.
Шартномаи феълии португалӣ бо клуб то 30-юми июни соли 2025 амал мекунад. Шартномаи нав то тобистони соли 2027 ба тавсиб расонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Криштиануи 40-сола дар ин мавсим дар 25 бозии Лигаи Арабистони Саудӣ 21 гол дар ҳайати “Ал-Наср” ба самар расонидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив