Ҳамлагари бошгоҳи саудии “Ал-Наср” Криштиану Роналду барои тасмимгирӣ оиди ояндаи худ дар бошгоҳи саудӣ шитоб намекунад. Ёдовар мешавем, ки шартномаи футболбоз бо “Ал-Наср” то соли 2025 амал мекунад.
Ба иттилои TEAMtalk, бозигари португалӣ се варианти ояндаро баррасӣ мекунад. Идеяи аввал ин тамдиди шартнома бо «Ал-Наср» ва хоҳиш аз роҳбарияти даста пурқувват кардани ҳайат ба таври ҷиддӣ мебошад. Ҳамчунин Роналду имкони бозгашт ба Португалияро баррасӣ мекунад. Варианти сеюми Криштиану хотима додан ба маснади варзишӣ мебошад.
Роналду соли 2023 ба сафи «Ал-Наср» гузариш анҷом дода буд. Айни арзиши трансферии бозигари португалӣ 12 миллион евро мебошад.