LIVE

Гузариши Хойлунд ба “Наполи” метавонад амалӣ нашавад

Гузариши ҳамлагари даниявӣ Расмус Хойлунд аз “Манчестер Юнайтед” ба “Наполи” метавонад бинобар мушкилоти молии бошгоҳи итолиёвӣ амалӣ карда нашавад. Дар ин бора саҳифаи Uniteds Update дар шабакаҳои иҷтимоии X хабар дод. Ин бозигари даниягӣ айни замон дар бошгоҳи “Наполи” тариқи иҷора бозӣ мекунад.
Иҷораи Хойлунд то охири мавсими ҷорӣ давом мекунад. “Наполи” ӯҳдадор аст, ки ҳамлагари 22-соларо дар сурати риояи шартҳои муайян харидорӣ кунад. Хойлунд дар сафи тими итолиёвӣ 19 бозӣ карда, ҳафт гол ва се партофти голӣ ба номаш мӯҳр задааст. Шомили ҳайати  МЮ бошад бозигари даниягӣ аз тобистони соли 2023 мебошад. Дар ин давра, ӯ дар 95 бозии ҳамаи мусобиқаҳо ширкат карда, 26 гол задааст ва шаш партофти голӣ ирсоли ҳамдастагон намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив