Ҳамлагари "Манчестер Юнайтед" Ҷейдон Санчо метавонад фаолияти варзишии худро дар чемпионати Италия идома диҳад. Ба иттилои саҳифаи расмии рӯзноманигор Ҷанлука Ди Марсио нисбати ин вингери 25-сола "Наполи" таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад.
Мавсими гузашта Санчо дар ҳайати “Челси” ба таври иҷора бозӣ кардааст. Ӯ дар тамоми мусобиқаҳо 42 маротиба ба майдон омада, муаллифи 5 гол ва 10 партофти головар шудааст. Сомонаи Transfermarkt нархи бозигарро 28 миллион евро баҳогузорӣ кардааст.
“Наполи” мавсими гузашта қаҳрамони Серияи А шуд. Бошгоҳи итолиёвӣ қаблан нимҳимоятгари собиқи “Манчестер Сити” Кевин Де Брюйнеро харидорӣ карда буд.
