LIVE

«Наполи» оиди гузариши Кевин Де Брюйне эълон кард

Бошгоҳи «Наполи» дар шабакаҳои иҷтимоии оиди гузариши нимҳимоягари 33-солаи белгиявӣ Кевин Де Брюйне  эълон намуд.
"Шоҳ Кев инҷост"- навиштааст “Наполи” дар шабакаи иҷтимоии X  (собиқ Твиттер).
Қаблан расонаҳои итолиёвӣ хабар дода буданд, ки шартномаи корӣ бо футболбози мунтахаби Белгия ба мӯҳлати се сол баста шудааст. Нимҳимоятгари 33-сола дар ҳайати дастаи шаҳри Неапол  солона 5 миллион евро маош мегирад.
Мавсими гузашта Де Брюйне дар ҳайати “Манчестер Сити” дар 40 бозӣ муаллифи 6 гол ва 8 партофти головар шудааст. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 20 миллион евро аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив