LIVE

ФИФА таҳримоти трансферии зидди “Ал-Наср”-ро бекор кард

Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) манъи имзои шартнома ва бақайдгирии бозигарони навро ба бошгоҳи Арабистони Саудӣ “Ал-Наср” бекор кард. Рӯзноманигор ва инсайдер Фабрисио Романо дар ин бора дар саҳифаи хеш дар шабакаҳои иҷтимоии X хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, ФИФА тасдиқ кард, ки бошгоҳи “Ал-Наср” ҳамаи ӯҳдадориҳои худро иҷро кардааст. Парванда алайҳи ин бошгоҳ аллакай баста шудааст.
Қаблан расонаҳо менавиштанд, ки манъи гузаришҳои трансферӣ ба “Ал-Наср” бинобар қарзи бошгоҳӣ назди “Манчестер Сити” барои гузариши ҳимоятгари марказӣ Эймерик Ляпорт дар соли 2023 ҷорӣ карда шудааст. Таъкид мешавад, ки бошгоҳи саудӣ ба “шаҳриён” тақрибан 9 миллион евро пардохтҳои қарзӣ дошт. Қарз бояд рӯзи 31-уми август пардохт мешуд. Тирамоҳи гузашта  Ляпорт аз “Ал-Наср” ба “Атлетик Билбао” гузашт.
Ёдовар мешавем, ки Криштиану Роналду - барандаи панҷкаратаи ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" дар ин бошгоҳи Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив