LIVE

Эндрик аз “Реал Мадрид” ба “Лион” мегузарад

Ҳамлагари бошгоҳи “Реал Мадрид” Эндрик ба тими “Лион” аз Лигаи 1-и Фаронса ҳамроҳ мешавад. Рӯзноманигор Фабрисио Романо дар шабакаҳои иҷтимоӣ оиди ин гузариши эҳтимолӣ эълон кард. Ба гуфтаи манбаъ бозигари бразилӣ бо шартномаи иҷора ба дастаи нави худ бидуни имкони харид ҳамроҳ мешавад.
Гуфта мешавад, ки бошгоҳи фаронсавӣ ба Эндрик 50%-и ҳаҷми маошашро пардохт мекунад.
Эндрик тобистони соли 2024 аз “Палмейрас” ба “Реал Мадрид” пайваста, тибқи иттилои расонаҳо созишномаи гузариш 47 миллион евро арзиш дошт. Ин мавсим ҳамлагари 19-сола дар сафи “Реал Мадрид” ҳамагӣ 99 дақиқа танҳо дар се бозӣ - яке дар Ла Лига, Ҷоми Испания ва Лигаи Чемпионҳои УЕФА  ширкат кардааст. Шартномаи ӯ бо мадридиён то соли 2030 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив