LIVE

Дезире Дуэ соҳиби ҷоизаи беҳтарин бозигари ҷавони Аврупо гардид

Дезире Дуэи 20-сола - ҳамлагари тими миллии Фаронса ва “ПСЖ”, ки беҳтарин бозигари ҷавони Аврупо номида шуд, ҷоизаи худро гирифт. Дар ин бора саҳифаи расмии бошгоҳи Париж дар шабакаҳои иҷтимоии X хабар дод.
"Барои ман шарафи бузургест, ки дар ин ҷо ҳастам ва  хеле хурсандам. Ин ҷоиза барои ман хеле муҳим аст ва онро ба тамоми оилаам, ки ҳамеша маро дастгирӣ мекарданд, мебахшам. Одатан ҳангоми суханронӣ дар назди мардум асабонӣ нестам, аммо вақти сӯҳбат оиди оилаам асабонӣ мешавам ва аз ҳамаи наздиконам барои тамоми кӯшишҳо ва дастгирии онҳо дар тӯли фаъолияти худ изҳори сипос мекунам.
Инчунин аз президенти бошгоҳ барои даъват ба ПСЖ, ҳамчунин аз кормандон, мураббиён ва ихтиёриёне, ки дар паси парда кор мекунанд, аз Луис Энрике ва ҳамаи ҳамдастаҳоям изҳори сипос мекунам. Ман ҳамчунин мехоҳам аз касе изҳори сипос кунам. Номи ӯронамегӯям, аммо ӯ худ мефаҳманд.
Орзуи нав? Ҳар як кӯдак орзу мекунад, ки футболбози касбӣ шавад. На ҳама ба он ноил мешаванд, аммо ман барои он миннатдорам. Ман бо ПСЖ ҷоизаи Лигаи Чемпионҳо ва якчанд ҷоизаҳои дигарро ба даст овардам ва то ҳол бисёр чизҳои дигарро чун узви даста ва дар сатҳи инфиродӣ бояд ба даст орам.
Барои ман, муҳимтарин чиз меҳнати сахт ва интизом барои ба даст овардани ҷоизаҳои бештар аст. Пеш аз ҳамроҳ шудан ба сафи ПСЖ  медонистам, ки он яке аз бузургтарин тимҳои ҷаҳон аст. Акнун метавонам тасдиқ кунам, ки аз будани як қисмати он хурсандам. Орзу кардан аввалин корест ва баӯъдан Шумо бояд амал анҷом диҳед, зеро он ба ниятҳо оварда мерасонад ва ниятҳои ояндасоз ба меҳнати сахт оварда мерасонанд, ки ба Шумо имкон медиҳад, ки ба ҳадафҳои худ ноил шавед.
Мисли бисёре аз дигарон дар ин ҷо, ман имкони ба даст овардани пул барои рӯзгор аз футболро доштам, аммо бисёриҳо камтар хушбахтанд. Мо бояд ба онҳое, ки саъй ва кӯшиши заруриро ба харҷ додаанд ва то ҳол ба ҳадафҳои худ ноил шудаанд, эҳтиром гузорем. Ман чӣ маслиҳат медодам? "Ба волидонатон гӯш диҳед, дар мактаб сахт хонед ва орзу кунед, ки ба ҳадафҳои худ ноил шавед", - омадааст дар саҳифаи расмии тими парижӣ дар шабакаи иҷтимоии X аз суханони Дуэ.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив