LIVE

Ник Уолдрон сардовари бозии Тоҷикистон ва Камерун

Ҳайати доварон барои бозӣ байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Камерун дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2019 U-17 муайян шуд. Дар ин рақобат довари расосӣ рефери ФИФА - Ник Уолдрон аз Зеландияи Нав интихоб шудааст. Ба ӯ дар ин рақобат Исаак Тревис (Зеландияи Нав) ва Ҷереми Гарае (Вануату) ёрӣ мерасонанд. Дар системаи видеодоваронро бошад, Бибиана Штайнхаус (Олмон) ва Луис Мигел Бранко (Португалия) хизмат мекунанд. 
Ёдовар мешавем, ки бозӣ байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Камерун дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2019 U-17, фардо соати 04:00 субҳ бо вақти Душанбе баргузор мешавад. Дар ин рақобат ба футболбозони тоҷик барору комёбиҳо таманно дорем.

Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон (U-17)
Гурӯҳи «Е». Даври 1-ум
29 октябр (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 04:00-и Душанбе
ТОҶИКИСТОН – Камерун
Сардовар: Ник Уолдрон (Зеландияи Нав).
Ёварони ӯ: Исаак Тревис (Зеландияи Нав), Джереми Гарае (Вануату).
Довари эҳтиётӣ: Иво Мендез (Боливия).
Видеодоврон: Бибиана Штайнхаус (Олмон), Луис Мигел Бранко (Португалия).
Бразилия. Кариасика, варзишгоҳи «Klеber Andrade»
Пахши мустақим: ТВ "Футбол" ва ТВ "Варзиш"

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив