Дар доираи бозиҳои даври чаҳоруми Лигаи чемпионҳои 2-юми Осиё дастаҳои “Ал-Завраа”-и Ироқ ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон андари майдони рақобат шуданд.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Завраа”-и шаҳри Бағдод дар ҳузури 11 700 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи “Ал-Завраа” анҷом ёфт.
Ҳасан Абдулкарим дар дақиқаи 7-ум ва Иброҳим Гвадамоси дар дақиқаи 53-юм аз зарбаи пеналтӣ голҳои “Ал-Завраа”-ро ба самар расониданд. Ягона голи “Истиқлол”-ро Амирбек Ҷӯрабоев дар дақиқаи 64-уми бозӣ аз зарбаи пеналтӣ ба ҳадаф расонид.
Дар бозии дигари гурӯҳи “D” бошгоҳи “Ал-Наср” бо натиҷаи 4 бар 0 зидди “Гоа”-и Ҳиндустон ғалаба карда, роҳашро ба марҳилаи ҳаштякниҳоӣ ҳамвор намуд.
Дар гурӯҳ дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Завраа” муборизаро барои роҳхати дигар идома медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло пас аз бозиҳои даври чаҳорум дар гурӯҳи “D” тими “Ал-Наср” бо 12 имтиёз садрнишин буда, роҳхати марҳилаи плей-оффро ба даст овард. “Ал-Завраа” ва “Истиқлол” соҳиби 6 имтиёзӣ буда, мутаносибан дар зинаҳои дуюм ва сеюм мавқеъ гирифтаанд. “Гоа” бидуни имтиёз дар зинаи охири гурӯҳ аст.
Дар даври панҷуми гурӯҳӣ рӯзи 26-уми ноябр “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад.
