LIVE

Бозии рӯз: “Ал-Завраа” –“Истиқлол”, имшаб дар ТВ “Варзиш”

Қаҳрамони Тоҷикистон, дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 бозии чаҳоруми  хешро дар майдони худ анҷом медиҳад.

“Истиқлол” дар Варзишгоҳи “Ал-Завраа”-и шаҳри Бағдод бо тими “Ал-Завраа” бозӣ мекунад.  Вохӯрӣ соати 21:00 оғоз мешавад.

Гурӯҳи доварон аз АМА  бозии дастаҳои “Ал-Завраа” ва “Истиқлол”-ро ҳакамӣ мекунанд.  "Истиқлол" бо пироҳани сурх ва "Ал-Завраа" бо пироҳани сафед ба майдон мебароянд.

Маврид ба зикр аст, ки “Истиқлол” дар даври аввал дар сафар аз “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 5 бар 0 мағлуб шуда, дар бозии даври дуюм “Гоа”-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 2 бар 0 ва дар даври сеюм “Ал-Завраа”-и Ироқро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб намуд. 

Ҳоло пас аз бозиҳои даври сеюм дар гурӯҳи “D” тими “Ал-Наср” бо 9 имтиёз садрнишин аст. “Истиқлол” бо 6 имтиёз дар зинаи дуюм мавқеъ гирифтааст. “Ал-Завраа” бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм ва “Гоа” бидуни имтиёз дар зинаи охир аст.

 Ба бошгоҳи шаҳри Душанбе дар бозии имрӯза, муваффақият таманно дорем!



Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив