Дар доираи бозиҳои даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои 2-и Осиё дастаҳои “Истиқлол” ва “Сипоҳон” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби 0 бар 2 ба фоидаи тими шаҳри Исфаҳон анҷом ёфт.
Аз ҳайати “Сипоҳон” голҳоро Муҳаммад Каримӣ аз пеналтӣ дар дақиқаи 55-ум ва Абубакар Камара дар дақиқаи 80-ум ба самар расониданд.
Бозии дигари гурӯҳ миёни “Ал-Ваҳдат” ва “Ал-Шарҷа” бо ҳисоби 1 бар 3 ба фоидаи тими меҳмон анҷом ёфт.
“Истиқлол” дар гурӯҳи “С” пас аз шаш бохти пайиҳам бидуни имтиёз дар зинаи охир аст ва аз гурӯҳ ба даври ҳазфӣ роҳ ёфта натавонист. Дар бозиҳои қаблӣ дастаи мо аз “Шарҷа” бо ҳисоби 0 бар 1 дар хона, аз “Сипоҳон” бо ҳисоби 0 бар 4 дар сафар , аз “Ал-Ваҳдат” бо ҳисоби 0:1 дар хона , аз “Ал-Ваҳдат” бо ҳисоби 0:1 дар сафар ва аз “Шарҷа” бо ҳисоби 1 бар 3 дар сафар мағлуб шуда буд.
Дар гурӯҳи мазкур тими “Ал-Шарҷа”-и АМА бо 13 имтиёз пешгом буда, бо ҳамроҳии “Ал-Ваҳдат”, ки бо 11 имтиёз дар зинаи дуюм аст, ба даври плей-офф роҳ ёфтанд. “Сипоҳон” бо 10 имтиёз дар зинаи сеюм мавқеъ гирифта, ба даври баъдӣ баромада натавонист.