Имрӯз, 5-уми ноябр дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон аввалин бозии худро дар Ҷоми ҷаҳон-2025, ки дар Қатар ҷараён дорад, анҷом дод.
Дастаи мо бо тими Чехия бозӣ карда, бо ҳисоби 1 бар 6 мағлуб гардид. Бозӣ дар майдони 8-и «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа баргузор шуд.
Ягона голи дастаи моро Муҳаммад Назриев ба самар расонид. Аз ҳайати Чехия голҳоро Шкркон (хет-трик), Потмесил ва Заҷак ба самар расониданд.
Дар бозии дигари гурӯҳи “I” дастаҳои ИМА ва Буркина-Фасо бозӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо дастаи ИМА рӯзи 8-уми ноябр ва дар даври охир рӯзи 11-уми ноябр бо тими Буркина-Фасо дидор анҷом медиҳад.
Қаҳрамони феълии мусобиқа мунтахаби то 17 солаи Олмон маҳсуб мешавад, ки дар финал Фаронсаро шикаст дод. Бозиҳоро соли 2023 Индонезия мизбонӣ карда буд.
