Имрӯз, 5-уми ноябр дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон аввалин бозии худро дар Ҷоми ҷаҳон-2025, ки дар Қатар ҷараён дорад, анҷом медиҳад.
Дастаи мо бо тими Чехия нерӯ месанҷад. Бозӣ дар майдони 8-и «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа доир гашта, соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ (17:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар гурӯҳи “I” бо дастаҳои Чехия, Буркина-Фасо ва ИМА бозӣ мекунад.
Қаҳрамони феълии мусобиқа мунтахаби то 17 солаи Олмон маҳсуб мешавад, ки дар финал Фаронсаро шикаст дод. Бозиҳоро соли 2023 Индонезия мизбонӣ карда буд.
